Мизи ёрӣ аз CyberSTAR

он барои КИСТ

  • Мизи ёрирасон ёвари ройгон аст барои:
  • Фаъолон
  • Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ
  • Ҳомиёни ҳуқуқи инсон
  • Созмонҳои ҳуқуқи инсон, ки дар муҳити хатарнок фаъолият доранд
  • Расонаҳои мустақил ва созмонҳои пуштибони чунин расонаҳо
  • Журналистон
  • Гурӯҳҳои LGBTQIA+
  • Занон
  • Ҷавонон

Мизи ёрӣ ЧӢ кор мекунад

Мо имкону тавонмандии шахсони алоҳидаву гурӯҳҳоро барои худҳимо будан дар ҷаҳони пайваста васлшаванда таҳким мебахшем. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, пуштибонии техникӣ, роҳнамоии коршиносон ва махзанҳои мунтахабро пешниҳод мекунем. Ба ҷои ҳал кардани мушкилие, ки шумо дучор гаштаед, мекӯшем то шуморо бо донишу абзорҳои зарурӣ барои чунин роҳҳалҳо таъмин бикунем.

Инчунин дар сурати дучор шудан бо шикаста шоридани додаҳо ё қасди рахнакунии дастгоҳ ё аккаунти шумо ёрии таъҷилӣ мерасонем.

Дар куҷо кор мекунем

Вазифаи аввалиндараҷаи мо расонидани ёрӣ ба шахсони алоҳидаву гурӯҳҳо аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мебошад. Мо инчунин омода ҳастем ба дархостҳои ёрӣ аз дигар ҷойҳо мадад расонем.

Шумо метавонед бо забонҳои англисӣ ва русӣ бо мо тамос гирифтаву дастгирӣ ёбед. Инчунин метавонем ёрдами андаке бо забонҳои озарбойҷонӣ, гурҷӣ, руминӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ пешниҳод кунем. Агар шумо ниёз ба ёрӣ бо забони арабӣ дошта бошед, омодаем шуморо бо Мизи ёрӣ бо ҳамин забон пайваст кунем.

ВАҚТИ КОРӢ ва ВАҚТ барои ПОСУХ

Мизи ёрӣ давоми 24/7 саволу дархостҳоро қабул мекунад. Мо мекӯшем, ки ба ҳама саволҳо ва дархостҳо давоми 24 соат аз душанбе то ҷумъа посух гӯем. Агар шумо ба меъёрҳои дастгирии мо мувофиқат мекунед, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод, то масъалаҳоеро, ки шумо дучор шудаед давоми давоми 48 соат пайгирӣ ва ҳал кунем.

Хоҳишмандем мутаваҷҷеҳ бошед, ки вақти воқеии вокуниш вобаста аз мураккабии дархостҳо ва дастрасии захираҳо фарқкунанда бошад. Дар баъзе мавридҳо метавонем дархости шуморо ба шарики боэътимоди худ, ки ройгон ёрдам мерасонад, барои ёрӣ ирсол кунем.

Бо мо дар тамос бошед

Email-и муқарраӣ ё таъмин бо PGP: [email protected]
Калиди кушодаи (Public Key) PGP: 0x48DBF4C54E029DF5-pub
PGP Public Key Fingerprint: 4B62 67F0 D337 20F2 3C59 3A2C 48DB F4C5 4E02 9DF5
Signal / Whatsapp: +44 7421012110