Чӣ гуна паёмҳои нопадидшавандаро дар WhatsApp фиристод

An illustration of two people holding their phones up in the air with Whatsapp logo and a timer icon in between.

WhatsApp умуман як афзори хеле бехатари паёмнависӣ мебошад, ки асрорбандии дуҷониба хусусияти бунёдии он мебошад. Бо вуҷуди ин, нисбати паёмрасонҳо ба монанди Signal ё Wire ба махфияти корбар камтар таваҷӯҳ медиҳад. Гарчанде ки WhatsApp ба паёмҳои асрорбадшудаи шумо дастрасӣ пайдо карда наметавонад, он метадодаҳои зиёдеро (ки, кай ва дар куҷо маълумот дар бораи паёмҳо) дар бораи шумо, инчунин алоқаҳо ва маълумот дар бораи дастгоҳи шумо ҷамъ мекунад. WhatsApp ин маълумотро бо ширкати волидии худ Facebook мубодила мекунад. Сипас, Facebook ин маълумотро бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода мебарад ва онро бо шарикон мубодила мекунад. Дар сурати вайрони додаҳо, ҳамаи ин додаҳои ҳассос метавонанд осеб бинанд.

Агар шумо сарфи назар аз ин хатарҳо дар WhatsApp мемонед, афзор платформаи хеле боэътимод ва бехатари паёмнависиро пешниҳод мекунад, ки бо асрорбандии дуҷониба ҳифз шудааст. Шумо метавонед минбаъд сӯҳбатҳо ва файлҳоеро, ки дар афзор мубодила мекунед, тавассути танзим кардани паёмҳо ба таври худнопадид шудан ва мубодилаи аксҳо ва видеоҳое, ки ҳангоми дидани онҳо аз ҷониби гиранда нопадид мешаванд, муҳофизат карда бошед.

Таъйини нопадидшавии паёмҳо

Шумо метавонед паёмҳоро дар як сӯҳбати инфиродӣ таъин кунед, ки пас аз ҳафт рӯз нопадид шаванд. Агар шумо ин танзимотро фаъол созед, WhatsApp пас аз ҳафт рӯзи фиристодан чатҳоро аз телефони шумо ва қабулкунанда бехатар нест мекунад. Мутаассифона, варианти ҳафтрӯза ягонаест, ки WhatsApp ҳоло пешниҳод мекунад.

Барои фаъол кардани паёмҳои нопадидшаванда дар сӯҳбати инфиродии WhatsApp, паёмро кушода номи ҳамсӯҳбатро интихоб кунед. Ба поён гузашта Паёмҳои нопадидшаванда-ро интихоб кунед. Агар дархост карда шавад, Идома-ро клик кунед, то интихоб тасдиқ шавад.

Selecting a friend and then scrolling down to find Disappearing Messages under Contact Info in Whatsapp.

Disappearing Messages option under Contact Info in Whatsapp.

Тугмаи On-ро интихоб кунед. Вақте, ки шумо паёмҳои нопадидшавандаро фаъол мекунед, шумо дар чат огоҳинома хоҳед дид. Шумо инчунин нишонаи соатро дар тасвири профили ҳамсӯҳбататон хоҳед дид.

Enabling Disappearing Messages in Whatsapp.

Лутфан таваҷҷӯҳ кунед, фаъол кардани паёмҳои нопадидшуда ба паёмҳое, ки пеш аз танзимот фаъол карда шуда буданд, таъсир намерасонад. Инчунин бояд дар хотир дошт, ки нопадид шудани паёмҳо бо ҳамсӯҳбататон, аз интиқоли паёмҳои шумо ё нигоҳ доштани онҳо тавассути гирифтани скриншотҳо ё захира кардани файлҳои медиа монеъ намешавад.

Истифодаи хусусияти “як бор дидан”

Хусусияти “як бор дидан” ба шумо имкон медиҳад, ки нопадидшавии аксҳо ва видеоҳоро пас аз дидан танзим созед. Ин хусусият ба шумо имкон медиҳад, ки маҳрамияти худро бештар назорат кунед, назар ба он ки файлҳои медиавиро ба таври муқаррарӣ ирсол мекунед. Вақте, ки ҳамсӯҳбати шумо файли медиавиро мекушояд, пас аз бастани он нест карда мешавад. Агар ҳамсӯҳбати шумо файлро накушояд, мӯҳлати он ба охир мерасад ва пас аз ду ҳафта нест мешавад.

Шумо пай мебаред, ки паём файли “як бор дидан” аст, вақте ки пешнамоиш пинҳон шуда “1”-и калон нишон дода мешавад. Файлҳои медиавии “як бор дидан” наметавонанд мубодила ё дар дастгоҳ захира карда шаванд.

Барои фиристодани файли “як бор дидан”, чати инфиродӣ ё гурӯҳиро кушоед ва Замидан– ( + ро дар iPhone ё нишонаи штамп дар дастгоҳи Android) интихоб кунед. Аз дастгоҳи худ акс ё видеои мавҷударо интихоб кунед. Ба таври алтернативӣ, шумо метавонед Камера-ро интихоб кунед ва акс гиред ё видеое сабт кунед, ки дар дастгоҳи шумо захира карда нашудааст.

Choosing a photo to send selecting the Photo and Video Library option in Whatsapp.

Дар майдони Паём “1” -ро интихоб кунед. Шумо огоҳиномаеро хоҳед дид, ки “Акс барои дидани як бор таъин шудааст” ва тасвири “1” дар майдони паём кабуд мешавад.

Number 1 appearing as an indicator in the text box when a photo is set to view once before being sent in Whatsapp.

Ирсол-ро клик кунед.

How a photo that is set to view once appears with the number 1 appearing next to it in a Whatsapp chat.

Вақте ҳамсӯҳбати шумо акс ё видеоро мебинад, шумо расиди кушадаро дар чат мебинед.

How a photo that is set to view once appears after viewed in a Whatsapp chat.

Лутфан таваҷҷӯҳ кунед, ки истифодаи хусусияти “як бор дидан” ба ҳамсӯҳбататон аз гирифтани скриншот ё сабти экрани файли медиавӣ ҳангоми кушодани он монеъ намешавад. Аз ин рӯ, ба касе, ки шумо ба он боварии комил надоред, паёмҳои хусусӣ, махфӣ ё ҳассос нафиристед.