Дар бораи мо

An illustration of a woman holding various electronic devices such as smartphones, laptops, and tablets.

Ҳифозати рақамӣ мафҳуми фарохе буда, чизҳои зиёдеро дар бар мегирад. Рӯйкарди CyberSTAR дарку омӯзиш ва идораи ҳифозати рақамиро барои ташкилотҳои хурд ва шахсони алоҳида тавассути муаррифии ин мафҳум дар шаш бахши мухтасар осонтар мекунад. Ба онҳо Хатарҳои рақамӣ, Шахсияти рақамӣ, Гузарвожаҳо, Дастгоҳҳо, Додаҳо ва Муошират дохил мешаванд. Ҳамин рӯйкардро пайгирӣ кунед, то худро аз сайберҷинояткорону талафоти додаҳо муҳофизат кунед.

Ин вебсайт аз ҷониби лоиҳаи CyberSTAR идора карда мешавад. Лоиҳа ба ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони онҳо дар минтақаи Авруосиё барои ҳифзи фаъолият, иттилоот, муоширати онҳо ва баҳрабардоронашон аз рахнаҳо ба амнияти сайберӣ ва талафоти рӯзмарраи додаҳо ёрӣ мерасонад.

Агар шумо узви ташкилоти ҷамъиятие ҳастед, ки дар минтақаи Авруосиё фаъолият ва ба ёрдами бехатарии рақамӣ ниёз дорад, ба мо тавассути [email protected] номаи электронӣ фиристед ё тавассути Сигнал бо рақами +44 7421012110 барои дарёфти маълумоти бештари дастгирӣ тамос гиред.