Хатарҳои рақамӣ
Хатарҳои рақамӣ бо чунин воқеияте рабт доранд, ки одамонро онлайн низ фиреб метавонанд. Фиреби рақамӣ одатан дар шакли ҳамлаҳои муҳандисии иҷтимоӣ, фишингӣ ва зиёнафзорҳо рух медиҳанд. Гарчанде ин хатарҳоро комилан бартараф кардан имконпазир нест, одамон ва ташкилотҳо тавассути риояи беҳдошти рақамӣ ва корбарии андешамандона метавонанд хатарҳоро хеле кам кунанд.
Бештар омӯзед
Шахсияти рақамӣ
Ҳувияти рақамӣ ҳама маълумот дар бораи шахсе ё созмонест, ки онлайн вуҷуд дорад. Ҳар даме, ки шумо онлайн меравед ё дастгоҳи рақамии ба интернет пайвастеро истифода мебаред, миқдори зиёди додаҳоро тақсим мекунед. Ин маълумотро метавонанд барои рекламаҳои ҳадафгири қоил кардани шумо, ҷосусӣ аз болои шумо ё анҷом додани ҳамлаҳои муҳандисии иҷтимоӣ истифода баранд.
Бештар омӯзед
Муошират
Аксари вақти онлайнии шахсӣ ва касбии мо ба муошират бо дигарон тавассути почтаи электронӣ, паёмрасонҳову зангҳои аудиоӣ ё видеоӣ сарф карда мешавад. Зиёнкорон роҳҳои гуногуни дастрасӣ ба чунин сӯҳбатҳоро меҷӯянд, то маълумоти ҳассосро дуздида барои қаллобӣ, боҷситонӣ ё шантаж, тарсондан ё аз номи шахси дигаре кор бурдан истифода баранд. Таъмини амнияти сӯҳбатҳои худро аз истифодаи каналҳои ҳифзшудаву асрорбандишудаи муошират оғоз кунед.
Бештар омӯзед
Дастгоҳҳо
Таҷҳизоти рақамӣ, ба монанди компютерҳои шахсӣ, ноутбукҳо, планшетҳо ва смартфонҳо ёвари хубе мебошанд ба корбарон ва созмонҳо барои муошират, истифода аз интернет ва эҷоду нигоҳдориву мубодилаи маълумот. Гум кардани чунин дастгоҳҳо ё осебпазир шудани онҳо ё дуздидани онҳо метавонад оқибатҳои вазнини шахсиву касбӣ, молиявию некномӣ дошта бошад. Дониши марбут ба ҳифзу амнияти дастгоҳи рақамии худ бахши муҳимест барои таъмини амнияти рақамӣ.
Бештар омӯзед
Додаҳо
Аз мукотибаву суратҳо шахсӣ то ба файлҳои пӯшидаи корӣ, ҳар яки мо бисёр маълумоти арзишманду ҳассосро эҷод мекунем ва дастрасӣ дорем. Аз даст додани чунин маълумот метавонад ба некномии шумо осеб расонад ва оқибатҳои вазнини молиявӣ, ҳуқуқӣ ва маъмуриро ба бор орад. Ҳифз кардани чунин маълумоти арзишманд ва ҳассос аз дастрасии беиҷозати ҳадафнок ё тасодуфӣ, дуздӣ ва фасод унсури дигари муҳими амнияти рақамӣ мебошад.
Бештар омӯзед
Гузарвожаҳо
Одамон ва созмонҳо гузарвожаҳоро барои ҳифзи аккаунтҳо, дастгоҳҳо, шабакаҳо ва додаҳои муҳим истифода мебаранд. Зиёнкорон пайваста роҳҳои нави дарёфт ё дуздидани гузарвожаҳоро андешида амалӣ мекунанд. Сохтани гузарвожаҳои қавӣ, идораи бехатари онҳо ва таҳкими минбаъдаи онҳо бо тасдиқи дукаратаи шахсият (бо истилоҳи англисӣ 2FA) қадамҳои муҳим барои таъмини ҳифозати рақамӣ мебошанд.
Бештар омӯзед
Integrated Security
Integrated security approach reflects the interconnectedness of physical, psychosocial, digital and legal dimensions of security. Physical, digital, psychosocial and legal safety are all interrelated, and we can not be safe and well if we ignore one component and only focus on another.
Бештар омӯзед
Умумӣ
This page contains various resources created to support CyberSTAR digital safety workshops and audit and remediation efforts. It also contains analytical materials that reflect lessons learnt and inform the continuous refinement of CyberSTAR methodology.
Бештар омӯзед